Август 08, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти номаълуми беш аз 60 нафар дар ҳодисаи Бейрут

Вазорати беҳдошти Лубнон эълом кард: Беш аз 60 нафар дар ҳодисаи таркиши бандари Бейрут ҳамчунон нопадид ҳастанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алъолам, Вазорати беҳдошти Лубнон ҷумъашаб дар иттилоияе эълом кард: Аз 6 ҳазор маҷруҳи ҳодисаи таркиши бандари Бейрут ҳоли 120 нафар вахим аст ва эҳтимоли афзоиши шумори фавтидаҳо вуҷуд дорад.

Бар асоси ин иттилоия, талош барои берун овардани аҷсоди қурбониён ва ёфтани гумшудагони ин ҳодиса, ки то кунун аз сарнавишташон иттилои дақиқе ба даст наомадааст ҳамчунон идома дорад.

Ҷамил Ҷабақ, вазири беҳдошти Лубнон рӯзи ҷумъа эълом кард, шумори қурбониёни таркиши бандари Бейрут ба 154 нафар расидааст.

Асри сешанбеи гузашта дар паи вуқуъи сӯхтори густурда дар як анбори маводи оташзо дар бандари Бейрут, таркиши маҳибе дар анборҳои муҷовири он ки дорои 2 ҳазору 700 тонна нитрати омуниюм буд рӯй дод.