18 нефткаши яманӣ ҳамчунон дар тавқифи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ
Ширкати нефти Яман эълом кард: эътилофи мутаҷовизи саъудӣ ҳамчунон 18 нефткаши ин кишварро тавқиф карда ва иҷозаи тахлияи маҳмулаҳои онро надодааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ал-Олам, ширкати нефти Яман рӯзи душанбе эълом кард: аз 18 нефткаши тавқифшуда, чаҳор киштӣ ҳомили сӯхти дизел ва гази хонагӣ аст.
Ширкати нефти Яман таъкид кард: дар ҳоле нефткашҳои Ямани тавқиф шудаанд, ки бемористонҳо ва марокиз дармонии Яман ба далели камбуди сӯхт ба шиддат дар тангно қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, «Муҳаммад Абдуссалом» сухангӯи "ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эътилофи саъудӣ ва Созмони Милалро масъули инфиҷори эҳтимолии нефткаши "Софир" дар наздики савоҳили Яман ва такрори ҳодисаи Бейрут дар кишвараш донист.
Нефткаши "Софир" аз чаҳор сол қабл наздик савоҳили остони "Ал-Хадайда" дар ғарб Яман лангар андохтааст ва мутаҷовизони саъудӣ монеи таъмири ин нефткаши ҳомили бушкаҳои нефт аз сӯи нерӯҳои Ансоруллоҳ шудаанд.
Муҳосира ва тадовуми даргирӣ, муҷиб шудааст бештари яманиҳо мӯҳтоҷи ибтидоитарин кӯмакҳои инсонӣ бошанд.
Миллионҳо яманӣ дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд ва тибқи эъломи Созмони Милал, Яман бадтарин бӯҳронҳои инсонӣ дар ҷаҳонро таҷриба мекунад.