Август 11, 2020 14:43 Asia/Dushanbe

Тасвире дар фазои маҷозӣ дар ҳоли даст ба даст шудан аст, ки нишон медиҳад як шаҳрванди лубнонӣ ба шиддат бо хабарнигори Ал-Арабия бархурд мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, шабакаи саудии Ал-Арабия, ки аз ибтидои вуқуи таркиш дар бандари Бейрут рӯйкарди тафриқаафканӣ ва хабарсозии зидди Ҳизбуллоҳро дар пеш гирифта буд дар майдони Алшуҳадои Бейрут бо бархурди тунди шаҳрванди лубнонӣ мувоҷеҳ шуд.

Як шаҳрванди лубнонӣ дар баробари камераи Ал-Арабия зоҳир шуд ва хабарнигор бо ин таваҳҳум, ки вай қасди тахриби Ҳизбуллоҳро дорад ба мусоҳиба бо ӯ пардохт, аммо шаҳрванди лубнонӣ гуфт: Шумо дар ҳоли фитнаангезӣ дар кишвари мо ҳастед. Шумо бо хабарпароканиҳои худ амнияти миллии моро ҳадаф гирифтаед. Шумо (Ал-Арабия) дар ҳоли тавтеа зидди Лубнон ҳастед. Ба шумо иҷоза намедиҳем ба ин кор идома диҳед. Инҷо майдони Шуҳадои озодааст ва касе, ки зидди миҳани мо иқдом мекунад иҷоза надорад вориди ин майдон шавад.

 

Барчасп