Хашми Натаняҳу аз шикасти Амрико дар Шӯрои Амният
Нахуствазири режими саҳюнистӣ мухолифати Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эронро шармовар хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Бенямин Натаняҳу дар Твиттер бо такрори иддаои зидди эронии худ навишт, Эрон сулҳ дар минтақа ва низ ҳамаи ҷаҳонро таҳдид мекунад.
Вай афзуд: Исроил ҳамчунон алайҳи касоне, ки бихоҳанд амнияташро ба хатар андозад, ба шиддат амал хоҳад кард.
Натаняҳу ҳамчунин навиш: "Ба ҳамкории наздики худ бо Амрико ва кишварҳои минтақа барои муқобила бо Эрон идома хоҳем дод."
Шӯрои Амният шомгоҳи ҷумъа ба вақти Ню-Йорк қатъномаи пешниҳодии Амрикоро барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон бо ду райи манфӣ, 11 райи мумтанеъ ва танҳо ду райи мусбати Амрико ва Доминикан, рад кард.