Номаи Эрон ба Шӯрои Амният дар бораи ҳамлаи террористии Исроил зидди Сурия
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳадаф қарор додани барқасдонаи таъсисоти башардӯстона ва пизишкии Сурия аз сӯи режими Исроилро пймолсозии ошкори ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва ба таври инкорнопазир ҷинояти ҷангӣ донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саиди Ереванӣ дар номае ба Паскал Кристин-раиси Шӯрои Амният ва Антонио Гуттереш-дабири кулли Созмони Милал дар бораи ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ зидди анбори кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмар дар Сурия афзуд, ин ҳамлаи фоҷеъабор ба кумакҳои башардӯстона поймолсозии ошкори ҳуқуқи байналмилал ва иқдоме ҳавлнок зидди талошҳое аст, ки бо ҳадафи наҷоти ҷони инсонҳо анҷом мешавад.
Ереванӣ гуфт, таъсисоти ҳадаф қарор гирифташуда аз сӯи режими Исроил дар Сурия башардӯстона буда, ки Ҳилоли Аҳмари Эрон, сирфан барои ироаи кумакҳои ҳаётӣ ба ғайринизомиёни овораи лубнонӣ ва қурбониёни таҷовузи бевақфа ва ваҳшиёнаи режими Исроил таъсис карда буд ва ба унвони роҳи наҷоти ҳаёт барои касоне, ки аз чунин ҷиноёт ранҷ мебаранд, амал мекард.
Дипломати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон расман Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро аз қасди худ барои таъсиси ин маркази кумакҳои башардӯстона огоҳ карда буд. Бо вуҷуд ин , алорағми аҳдофи комилан башардӯстонаи ин марказ, таъсисот ва таҷҳизоти он дар ин ҳамлаи ваҳшиёна ва террористӣ ба таври комил нобуд шуд.
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои Амният дархост мекунад, ки ин ҷинояти фаҷеъро ба шадидтарин шакли мумкин маҳкум карда ва иқдомоти фаврӣ ва қотеъ барои ҷилавгирӣ аз поймолсозиҳои бештар тавассути режими саҳюнистӣ пиёда кунад.
Бомдоди рӯзи панҷшанбе (10 октябр) режими саҳюнистӣ бемористони саҳроии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон воқеъ дар марзи Лубнон ва Сурияро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.