Август 19, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Саркардаи ДОИШ дар Яман дастгир шуд

Расонаҳои яманӣ аз боздошти саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин кишвар ба дасти неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ожонси матбуоти Яман рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, ки Солим Ҳасан Усаймӣ- раҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин кишвар ва 40 нафар аз неруҳояш рӯзи сешанбе дар камини неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман гирифтор ва сипас дастгир шуданд.

Ҳамчунин сартип Яҳё Сареъ- сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман сешанбешаб эълом кард, ки артиш ва кумитаҳои мардумӣ беш аз 250 нафар аз аносури террористиро дар устони Албайзоъ кушта ё дастгир карданд.

Сареъ ҳамчунин аз пуштибонии лиҷистикии эътилофи мутаҷовизи саудӣ аз маздурони доишӣ ва аносури Алқоида хабар дод.

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт: Ҷузъиёти комили амалиёти низомии мунҳасир ба фарди неруҳои яманӣ дар рӯзҳои оянда эълом хоҳад шуд.

 

Барчасп