Август 20, 2020 10:12 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи сафари Мустафо Ал- Козимӣ ба Амрико

Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дар сафари дурӯза вориди Вашингтон шуд ва имрӯз (20 август) бо Доналд Трамп, Раиси Ҷумҳурии Амрико дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Суоли муҳим ин аст, ки аҳдофи сафари Ал-Козимӣ ба Вашингтон чист?

Ал-Козимӣ дар дидор бо мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла Доналд Трамп дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ гуфтугӯ мекунад.

Дар ҳавзаи равобити дуҷониба, масъалаи аслиӣ ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ аст. Порлумони Ироқ 5 январи соли 2020 тарҳи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишварро тасвиб кард.Мардуми Ироқ низ рӯзи 24 январ тазоҳуроти миллионӣ баргузор карда ва хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишварро хостор шуданд. Бо ин ҳол, амрикоиҳо бо таҳдиди таҳрим ва афзоиши мушкилоти иқтисодӣ, ки акнун низ аслитарин мушкили Ироқ аст, талош мекунанд низомиёни худро дар Ироқ ҳифз кунанд.

Як даври музокирот миёни Ироқ ва Амрико дар июни гузашта бо меҳварияти ҳузури низомиёни амрикоӣ баргузор шуд, аммо он натиҷаи мушаххасе надошта аст. Акнун дар сафари Ал-Козимӣ ба Вашингтон бори дигар мавзӯи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз меҳварҳои аслии гуфтугӯ аст. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз намояндагони ироқӣ аз "Абдулҳодӣ Ас-Саъдавӣ", намояндаи эътилофи "давлати қонун" дар порлумон сариҳан ҳушдор доданд дар сурати мувофиқати нахуствазири ин кишвар бо нигоҳ доштани низомиёни амрикоӣ дар хоки Ироқ, парламент нахуствазирро барканор хоҳад кард.

Мавзӯи дигар дар ҳавзаи равобити дуҷониба, мушкилоти иқтисодии Ироқ аст. Ироқ шоҳиди мушкилоти  мутаадиди иқтисодӣ аст. Тазоҳурот алайҳи давлати гузаштаи Ироқ ба раёсати одил Абдулмаҳдӣ низ бо решаи иқтисодӣ оғоз шуд. Мустафо Ал-Козимӣ нигарон аст бори дигар тазоҳуроти мӯътаризон дар эътироз ба вазъияти иқтисодӣ оғоз шавад; мисли он, ки пеш аз ин низ чанд даври тазоҳурот алайҳи давлати вай баргузор шуд. Нахуствазири Ироқ дар дидор бо мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла Доналд Трамп хостори кӯмаки ин кишвар барои костан аз мушкилоти иқтисодӣ аст.

Мавзӯоти амниятӣ низ аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугӯи Ал-Козимӣ бо Трамп хоҳад буд. Аз як сӯ, Амрико, ки шоҳиди афзоиши таҳдидҳо алайҳи сафорат ва пойгоҳҳои низомии худ дар Ироқ  аст, аз Ал-Козимӣ мехоҳад, ки фаъолияти гурӯҳҳои муқовиматро дар Ироқ маҳдуд кунад ва аз сӯи дигар, Ал-Козимӣ медонад, ки ҳар гуна тақобили давлат бо гурӯҳҳои муқовимат ҳам бар сарнавишти давлати кунунии вай ва ҳам бар сарнавишти вай дар интихоботи зудҳангоми порлумонӣ дар соли 2021 асар хоҳад гузошт. Бинобарин, ба назар намерасад тарафайн дар ин хусус ба нуқтаи муштараке бирасанд ва гуфтугӯҳо натиҷае дошта бошад.

Масоили минтақавии муҳиме низ вуҷуд дорад, ки меҳвари гуфтугӯҳои Ал-Козимӣ бо Трамп ва дигар мақомоти амрикоӣ дар Вашингтон аст.

Яке аз муҳимтарини ин масоил, робитаи Бағдод бо Теҳрон аст. Давлати Амрико, ки шоҳиди шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, акнун бар давлати Ироқ барои костан аз сатҳи равобит бо Теҳрон фишор ворид мекунад.

Ал-Козимӣ дар шароите ба Амрико сафар кард, ки ин кишвар дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад. Агарчи Трамп талош мекунад аз тариқи дур кардани Ироқ аз Эрон, аз ин сафар барои аҳдофи интихоботии худ баҳра гирад, аммо ба назар мерасад Ал-Козимӣ ҳеҷ тааҳуде ба Амрико барои коҳиши равобит бо Эрон намедиҳад.

Ироқ ҳам бештарин марзҳои ҷуғрофиёиро бо Эрон дорад ва ҳам ба лиҳози иқтисодӣ, аз ҷумла барои таъмини барқ ба тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ниёз дорад, мавзӯе, ки дар сафари моҳи гузаштаи  Ал-Козимӣ ба Теҳрон низ бар он таъкид шуд.

Одил Ан-Навоб дар ёддоште, ки рӯзномаи қатарии "Ал-араби-ул-Ҷадид" мунташир кард, навишт: "Ал-Козимӣ ба амрикоиҳо иблоғ карда, ки бархе аз парвандаҳои ниёзманди ташкили як давлати доимӣ ва бозаи замонии муносиб барои ба натиҷа расондан аст. Парвандаи робитаи Бағдод бо Теҳрон, аз ҷумлаи ин парвандаҳост."

Барчасп