Октябр 08, 2016 14:55 Asia/Dushanbe
  • Раъйи мусбати Дума ҷиҳати ҳузури низомии доимӣ дар Сурия

Думаи давлатии Русия ба иттифоқ оро тавофуқномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ҳузури низомии Русия дар пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим дар Лозқияи Сурия расмият меёбад.

Қонунгузорони рус дар Дума ба тарҳи ҳузури доимии Русия дар пойгоҳи Ҳумаймими Сурия раъй мусбат доданд. Ин тавофуқнома 26 августи соли 2015 дар Димишқ ба имзои мақомоти рус ва сурӣ расида, барои тасвиб ба Думаи Русия ироа шуда буд. Бар асоси ин тавофуқнома, воҳидҳои ҳавоии Русия барои муддати номаҳдуд дар пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим мустақар хоҳанд буд. Ин воҳидҳо ба дархости Ҳукумати Сурия дар хоки ин кишвар мустақар мешаванд. Ин тавофуқ ба Русия иҷоза медиҳад, аз ин пойгоҳ ба таври ройгон ва то замоне ки лозим бидонад, истифода кунад.

Русия таъкид мекунад, ҳадафи ин кишвар кӯмак ба артиши Сурия барои мубориза бо терроризм аст. Русия ҳамчунин аз соли 1970 як пойгоҳи баҳриро дар бандари Тартуси Сурия дар ихтиёр дорад.