Кушта шудани шуморе аз афсарони артиши Арабистон дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i5674-Кушта_шудани_шуморе_аз_афсарони_артиши_Арабистон_дар_Яман
Дар ҳамлаи тупхонаии нерӯҳои яманӣ ба Сирвоҳ дар устони Маариб, фармондеҳи муздурони раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирори Яман ва шуморе аз афсарони Саудӣ, кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани шуморе аз афсарони артиши Арабистон дар Яман

Дар ҳамлаи тупхонаии нерӯҳои яманӣ ба Сирвоҳ дар устони Маариб, фармондеҳи муздурони раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирори Яман ва шуморе аз афсарони Саудӣ, кушта шуданд.

Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои яманӣ, асри ҷумъа дар гулӯлаборони тӯпхонаии мавозеи мутаҷовизони Саудӣ дар Сирвоҳ, шуморе аз афсарони артиши Арабистон ба ҳамроҳи сарлашкар Абдурраб Шаддодӣ-фармондеҳи муздурони Саудӣ кушта шуданд.

Шаддодӣ аз сӯи нерӯҳои мутаҷовиз ба унвони фармондеҳи минтақаи сеюми низомӣ дар Яман, мансуб шуда буд.

Дар миёни куштаҳои амалиёти Сирвоҳ, Шоиф Омирӣ ва Алӣ Ҳамисӣ ду нафар аз фармондаҳони аносури муздури Саудӣ низ дида мешаванд.

Арабистони Саудӣ аз 18 моҳ пеш, токунун бо ташкили эътилофе бо ҳимояти давлати Амрико, таҷовузи ҳавоӣ ва муҳосира алайҳи мардуми Яманро ба баҳона бозгардондани Мансур Ҳодӣ-раисҷумҳури мустаъфӣ ва фирории Яман ба ҳукумати ин кишвар оғоз кард.