Август 22, 2020 18:11 Asia/Dushanbe
  • Як миллион суриягӣ дар интизори марг аз ташнагӣ

Идомаи қатъи об ба рӯи беш аз як миллион инсон дар шаҳри Хасака дар Сурия ба муддати беш аз 10 рӯзи паёпай нигарониҳои бисёреро дар афкори умумии ҷаҳон барангехтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; чанд рӯз пеш гурӯҳҳои мусаллаҳи Туркия истгоҳи обкаширо, ки манбаи ягонаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Ҳасака ва минтақаҳои атрофи вилояти Идлиби Сурия буд, бастатанд. 
 
Башшор Ал- Ҷаъфарӣ намояндаи доими Сурия дар Созмони Милал, мудохилаи ин созмонро барои поён додан ба ранҷи аҳолии ин шаҳр ва таваққуфи иқдоми Туркия дар қатъи оби ошомидании мардумро хостор шудааст. 
 
Ал- Ҷаъфарӣ эълом кард: иқдоми хасмонаи Туркия дар қатъи об ба рӯйи як миллион шаҳрванди Сурия дар «Хаска» мисдоқи боризи «ҷинояти ҷангӣ» аст. 
 
Корбарони Твиттер ҳам ин ҳодисаро "куштори ҷамъии" ҳама мавҷудоти зинда дониста ва наҷоти беш аз як миллион шаҳрванди суриягии сокини ин шаҳрро хостор шудаанд. 
Корбарон бо ҳаштакҳои "Хасакаро наҷот диҳед", "Хасака об надорад" ва "Хасака ташна аст" бар лузуми таҳарруки фаврии созмонҳои байналамллӣ барои наҷоти аҳолии Хасака аз куштори ҷамъӣ таъкид карданд. 
 
 Бархе корбарон ҳам мӯътақиданд, ки дарди аҳолии Хасака бадтар ва хатарноктар аз вируси корона аст ва касоне, ки обро ба рӯйи як миллион инсон қатъ мекунад, ҳадафшон фақат куштор аст ва ин ҷиноят, ҷинояти террористӣ ва ғайриинсонӣ аст. 
 
Давлати Сурия дар чанд рӯзи ахир дар ҳадди имкон чандин танкери оби ошомиданӣ барои аҳолии Хасака ирсол кардааст. 
 
Устони Идлиб 11 дар сад хоки Сурияро ташкил медиҳад ва нерӯҳои Сурия дар моҳҳои ахир бахшҳои зиёде аз онро аз контроли террористҳо ва аносири мавриди ҳимояти Туркия озод кардаанд. 
 
Коршиносон мӯътақиданд, ки ин ҷиноят бо чароиғ сабзи Амрико анҷом шудааст ва агар мувофиқати Амрико набуд, нерӯҳои Туркия ва шаибҳи низомиёни вобаста ба он ҷуръати чунин иқдоме надоштанд.

Барчасп