Эътилофи Амрико пойгоҳи Ал-Тоҷиро дар Бағдод тарк мекунад
(last modified Sun, 23 Aug 2020 09:43:12 GMT )
Август 23, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • 
Эътилофи Амрико пойгоҳи Ал-Тоҷиро дар Бағдод тарк мекунад

Сухангӯи Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ эълом кард: нерӯҳои Эътилофи Байналмилалӣ мавсум ба "Зидди ДИИШ" расман пойгоҳи Ал-Тоҷиро дар Бағдод тарк мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; дар пайи интишори ахбори ғайрирасмӣ аз қасди эътилофи амрикоии зидди ДИИШ мабни аз хуруҷ аз пойгоҳи "Ал-Тоҷӣ" дар шимоли Бағдод, сухангӯи фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ ин хабарро таъйид кард.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Ироқ аз интиқоли бузургтарин лавозимоти ҷангии эътилофи ИМА дар пойгоҳи Ал-Тоҷӣ дар Бағдод хабар доданд.

 Пойгоҳи ҳавоии Ал-Тоҷӣ дар Ироқ дар 80 км шимоли Бағдод ҷойгир аст ва ҳадафи ҳамлаҳои номаълум ва мушакҳо дар моҳҳои охир аст.

Ин пойгоҳ мизбони нерӯҳои эътилофи Амрико дар солҳои гузашта буд.

Аз оғози имсол, эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ, шаш пойгоҳи низомиро ба нерӯҳои ироқӣ таҳвил додааст.

Ба эътиқоди коршиносон, тасмими Амрико барои хуруҷ аз бархе пойгоҳҳо ва марокизи низомӣ ба ин далел аст, ки Амрико аз ҳамалоти мустамар алайҳи низомиёни худ дар сояи хашми рӯзафзуни мардкми Ироқ аз ин тадовуми ҳузур бим дорад.

 Мавзӯи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ баъд аз он ҷиддӣ ва табдил ба хостаи порлумони ин кишвар шуд, ки артиши Амрико , шуморе аз нерӯҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ ва артиши Ироқро дар ғарби ин кишвар ҳадаф қарор дод ва баъд аз он дар иқдоме ҷинояткорона, шаҳиди сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис муовини раиси Созмони Ҳашд-уш-Шаъбӣ ва нерӯҳои муртабит ба ин созмонро дар январи гузашта ба шаҳодат расонд.