Август 25, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад бин Салмон ба эъдом маҳкум шуд

Додгоҳе яманӣ дар ҳукме қотилони Солеҳ Алӣ Алсамод аз раҳбарони Ансоруллоҳи Яман ва ҳамроҳонашро ба эъдом маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алъолам, додгоҳи ҷазоии вилояти Алҳадидаи Яман қотилони Солеҳ Алӣ Алсамод аз раҳбарони Ансоруллоҳ ва ҳамроҳонашро ба эъдом маҳкум кард, ки дар садри рӯйхатти маҳкумон ба эъдом номи Муҳаммад бин Салмон оли Сауд, валиъаҳди феълии Арабистон ба чашм мехурад.

16 муттаҳами ин парванда ба иттиҳоми мушорикат дар қатл ба эъдом маҳкум шуданд.

Илова бар Бин Салмон, Муҳаммад бин Зоид оли Наҳён- валиаҳди Абузабӣ, Абдарбеҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури истеъфодода ва фирории Яман ва 13 нафари дигар ба ҷурми мушорикат дар қатли Солеҳ Алӣ Алсамод аз раҳбарони Ансоруллоҳ ба эъдом маҳкум шудаанд.

 

Барчасп