Эъдоми 6 терруристи ҷудоиталаби вобаста ба режими саҳюнистӣ
-
Эъдоми 6 терруристи ҷудоиталаби вобаста ба режими саҳюнистӣ
Порстудей - 6 узви як шабакаи террористии таҷзия(ҷудои)талаби вобаста ба режими саҳюнистӣ, ки ба тарроҳӣ ва иҷрои чандин амалиёти хунбор , аз ҷумла террори 4 шаҳиди мудофеъи амният ва бомбагузорӣ дар Хуррамшаҳр эътироф карда буданд , эъдом(қатл) шуданд.
Ҳукми эъдоми 6 унсури терруристи таҷзияталаб, ки тайи солҳои гузашта бо анҷоми силсилаамалиётҳои мусаллаҳона ва бомбагузорӣ амнияти устони Хузистон, дар ҷанубу ғарби Эронро ҳадаф қарор дода буданд , пас аз анҷоми тамоми марҳилаҳои қонӯнӣ ва таъиди Девони олии Эрон , саҳаргоҳи рӯзи шанбе иҷро шуд. Ин терруристҳо илова бар нақши асосӣ дар амалиётҳои террористӣ , бо режими саҳюнистӣ дар иртибот буда ва аз сӯи омилони муониди хориҷӣ ҳимоят мешуданд. Иқдомоти терруристҳои қатлшуда дар солиёни гузашта борҳо оромишу амнияти шаҳрвандони хузистониро таҳдид карда буд.