Август 25, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Созмони ҳамкории исломӣ бо оддисозии равобити Аморот ва режими саҳюнистӣ

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияе бар лузуми ташкили кишвари Фаластин ба пойтахтии Қудс таъкид ва эълом кард оддисозии равобити кишварҳои узви ин созмон бо режими саҳюнистӣ то пеш аз поёни ишғоли Фаластин ва дигар сарзаминҳои арабӣ аз ҷумла Қудс мумкин нахоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин Юсуф Ал-Асимин  гуфт: Ин созмон аз ҳаргуна талош барои дастёбии миллати Фаластин ба ҳуқуқи машруъ ва ғайриқобили тасарруфи худ аз ҷумла ҳаққи бозгашт, ҳаққи таъйини сарнавишт ва ташкили кишвари мустақили Фаластин ба марказияти Қудси шарқӣ ҳимоят хоҳад кард.

Изҳороти Ал-Асимин ҳудуди ду ҳафта пас аз эъломи тарҳи оддисозии равобит миёни Аморот ва режими саҳюнитӣ матраҳ мешавад.

Пас аз солҳо равобити махфиёнаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 13 август аз тавофуқи Абузабӣ бо Тел-Авив барои эҷоди равобити расмӣ хабар дод.

Валиаҳди Аморот дар тавҷеҳи оддисозии равобити ин кишвар бо режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд ин тавофуқро барои пешгирӣ аз тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ тавассути Исроил анҷом додааст, иддаое, ки аз сӯи Бенямин Натанияҳу, нахуствазири Исроил рад шуд.

Натанияҳу эълом кард тарҳи илҳоқи 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолиро бекор накарда балки барои муддате ба таъхир мондааст.

Барчасп