Октябр 09, 2016 10:47 Asia/Dushanbe
  • Оли Сауд ба ҷои муқобила бо Исроил, яманиҳоро ҳадаф қарор дода

Сафири Ироқ дар Эрон мегуяд, ҳукумати Оли Сауд ба ҷои ҳаракат ба самти Қудс ва муқобила ба ишғолгарони саҳюнист, занон ва кӯдакони яманиро ба хоку хун мекашад.

Ба гузориши ИРНА, Роҷеҳ Собир Абуд ал Мусавӣ-сафири Ироқ дар Эрон, рӯзи шанбе бо ишора ба ҷиноёти Арабистон дар Яман, хотирнишон кард, истикбор ва саҳюнизм ба хотири тарс аз ваҳдати кишварҳои исломӣ, талоши худро барои эҷоди ҷанг ва ихтилоф дар кишварҳое монанди Ироқ, Сурия ва Эрон ба кор гирифта ва дар ин байн Арабистон нақши муҳимме дар иҷрои ин тарҳ дорад.

Вай ҳамчунин ба нақши нерӯҳои мардумӣ дар бозсозии манотиқи ишғол шудаи Ироқ ҳам ишора кард ва гуфт, агар нерӯҳои мардумӣ дар Ироқ ташкил намешуд ва дар баробари ДИИШ намеистоданд, имрӯз шаҳрвандони кишварҳои Халиҷи Форс асир ДИИШ буданд.

Роҷеҳ Собир Абуд ал Мусавӣ дар бахши дигаре аз суханони худ аз омодагии комили кишвар Ироқ дар истиқбол аз зоирони Ҳусайнӣ дар маросими Тосуо, Ошӯро ва Арбаъин хабар дод ва гуфт, интизор дорем, ки ҷамъияти зоирони Ҳусайнӣ дар Арбаъин, нисбат ба соли гузашта афзоиш дошта бошад.

Вай хотирнишон кард, давлат ва мардуми Ироқ бо тамҳидоти лозим – омодагии комил барои истиқбол аз зоирони арбаъини Ҳусайниро доранд. Вай идома дод, дар ин масир мо дар айни муборизаи ҳамаҷониба бо ДИИШ аз зоирони миллионии Або Абдуллоҳ Ҳусайн (ъ) пазироӣ мекунем.