Баргузории маросими ошурои ҳусайни (а) дар Карбало
Мардуми Ироқ имрӯз якшанбе маросими азодории ошурои ҳусайнӣ (а)-ро бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар Карбалои маъалло баргузор карданд.
Ҳасан Алтамимӣ- вазири беҳдошти Ироқ низ имрӯз вориди Карбало шуд то чигунагии иҷрои протоколҳои беҳдоштиро нозир бошад.
Тибқи дастуруламали ин вазоратхона, азодорони ҳусайнӣ дар маросими имрӯзи Карбало бо задани ниқоби тиббӣ бар чеҳра ва риояти фосилагузории иҷтимоӣ ширкат карданд.
Рӯзи гузашта дар маросими тосуои ҳусайнӣ болиғ бар 250 ҳазор нафар дар ҳарами имом Ҳусайн (а) ҳузур ёфтанд.
Ҳарами ҳазрати Абоабдилло (а) ба муддати шаш моҳ ба иллати шуйюи корона баста буд.
Имом Ҳусайн (а) имоми севуми шиаёни ҷаҳон, ки дар даҳуми муҳаррамулҳароми соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дар овардгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхтанд.