Ҳамлаи расонаӣ: муҳимтарин роҳбурди кунӯнии мухолифон алайҳи муқовимат
(last modified Mon, 31 Aug 2020 05:41:42 GMT )
Август 31, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи расонаӣ: муҳимтарин роҳбурди кунӯнии мухолифон алайҳи муқовимат

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони шаби ошӯроии худ, ҳамлаи расонаиро муҳимтарин роҳбурди кунӯнии мухолифон алайҳи муқовимат унвон кард.

Аз соли 2000 ба баъд, геополитикаи қудрат дар минтақаи ғарби Осиё, дучори тағйироти асосӣ шуда ва вазну ҷойгоҳи ҷабҳаи муқовимат дар ин минтақа афзоиш ёфтааст. Бо тавваҷуҳ ба ин воқеъият, Амрико ва режими саҳюнистӣ ҷанги соли 2006-ро бо ҳадафи ҳазфи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба роҳ андохтанд, аммо ин ҷанги 33 рӯза бо нокомии режими саҳюнистӣ ва Амрико дар муҳаққақ кардани ҳадафашон хотима ёфт.  

Мудохила дар буҳрони Сурия дар соли 2011 бо ҳадафи сарнагӯн кардани низоми сиёсии Сурия анҷом гирифт. Илова бар Амрико ва режими саҳюнистӣ, бархе кишварҳои арабӣ ва Туркия низ дар ин буҳрон алайҳи низоми Сурия қарор гирифтаанд, аммо ҳузури гурӯҳҳои муқовимат дар Сурия ва ҳимояти мусташории Ҷумҳурии исломии Эрон сабаб шуд бо гузашти 10 сол аз ин буҳрон, низоми Сурия беш аз 90 дарсад аз ҷуғрофиёи кишварро дар ихтиёр дорад.  Илова бар пирӯзиҳои низомӣ, гурӯҳҳои муқовимат ба хусӯс Ҳизбуллоҳи Лубнон дар арсаи сиёсӣ низ шоҳиди муваффақиятҳои муҳимме буданд, ба наҳве, ки эътилофи муқовимат дар интихоботи порлумонии майи 2018 бо касби 68 курсӣ муваффақ ба касби аксарияти мутлақи порлумонӣ шуд. Ин вазъият дар Ироқ ва Яман низ такрор шуд ва меҳвари муқовимат дар ду кишвари Ироқ ва Яман ҳам дасти бартарро дар таҳаввулоти сиёсӣ ва низомӣ доранд.

Бо тавваҷуҳ ба ин вазъият, мухолифони муқовимат ҳамлаи расонаиро алайҳи муқовимат дар пеш гирифтаанд. Ҷанги расонаӣ бо ҳадафи маъкӯс ҷилва додани воқеъиятҳо ва муқассир нишон додани муқовимат дар мушкилоти мутаъаддиди кишварҳое назири Лубнон, Ироқ, Сурия ва Яман анҷом мешавад. Ин аҳдоф аз тариқи интишори ахбори кизб ва сиёҳнамоии чеҳраи Ҳизбуллоҳ дар ин кишварҳо ба хусӯс дар Лубнон пайгирӣ мешавад.

Саидҳасан Насруллоҳ дар суханони худ бо ишора ба ин мавзӯ, ки  алайҳи Ҳизбуллоҳ сиёсати ҳамлаи расонаӣ дар пеш гирифта шуда аст, аз вуҷӯди утоқи фикрӣ дар ин робита хабар дод, ки пас аз тавлиди ахбори кизб, онро ба расонаҳо мекашонанд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки на танҳо расонаҳои вобаста ба меҳвари ғарбӣ-арабӣ- ибрӣ ин ҷанги расонаиро анҷом медиҳанд, балки Саидҳасан Насруллоҳ аз нақши сафоратхонаҳои кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар даруни кишварҳои ҳадаф, аз ҷумла Лубнон низ дар ин хусӯс хабар дод.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусӯс гуфт, ин сафоратхонаҳо дар ростои интишори ахбори кизб ва сиёҳнамоии чеҳраи Ҳизбуллоҳ миллионҳо доллар ҳазина мекунанд ва барои нашри акозӣб ва масмӯм кардани афкори умумии мардум ҳаду ҳудуде қоил нестанд ва ин ҳаҷм аз ҳамалоти сойберӣ ва электроникӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ тайи 40 ё 50 соли ахир бе  собиқа аст.

Бо тавваҷуҳ ба ҳамин рӯйкардҳо, мухолифон талош мекунанд мушкилоти адидаи иқтисодӣ, фасоди иқтисодӣ ва ҳамчунин террори афродро дар кишварҳое назири Лубнон ва Ироқ ба гурӯҳҳои муқовимат нисбат диҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки қудрат дар ин кишварҳо тайи даҳаҳо дар ихтиёри либеролҳо ва ғарбгароён қарор дошта ва ҳамчунон низ ниҳодҳои иқтисодӣ дар ихтиёри ин ҷараёнҳо қарор дорад. Дар воқеъ, мавзӯе, ки Саидҳасан Насруллоҳ дар шаби ошӯрои Ҳусайнӣ матраҳ кард, дар ростои ҷангшинохтӣ аст, ки мухолифони муқовимат ба хусӯс дар солҳои ахир ба кор гирифтаанд.  

Нуктаи поёнӣ ин ки агарчӣ меҳвари муқовимат дар минтақа аз қудрати расонаӣ бархӯрдор нест, аммо ба таъбири Саидҳасан Насруллоҳ, муқовимат дар «мактаби имом Ҳусайн (а) ва асҳоби эшон» рушд карда ва фаъолият мекунад, ки муҳимтарин шохисаи ин мактаб, муқовимат дар муқобили зулму золим аст. Ин шохиса омили муҳимме дар шикасти талошҳои мухолифон алайҳи муқовимат дар 38 соли гузашта, яъне аз замони таъсиси Ҳизбуллоҳ дар соли 1982 токунӯн аст .