Октябр 09, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • Уламои Яман алайҳи режими Саудӣ фатвои ҷиҳод содир карданд

Дар пайи бомбаборони ҷинояти ваҳшёнаи саудиҳо дар бомбаборони як маросими азодорӣ дар Санъо-пойтахти Яман, иттиҳодияи уламои Яман фатвои ҷиҳод, алайҳи Арабистони Саудиро содир кард.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симо, ҷангандаҳои режими ҷинояткори Саудӣ рӯзи гузашта, маҳалли маросими азодории падари вазири дохилии Яманро бомбаборон карданд, ки дар ин ҳодиса 458 ғайринизомӣ шаҳид ва беш аз 350 нафар захмӣ шуданд.

Шабакаи телевизионии ал-Олам гузориш дод, иттиҳоди уламои Яман аз мардуми ин кишвар хост, ба таври густурда ба ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи Арабистон Саудӣ раҳсипор шаванд.

Ин иттиҳодия бо судури баёнияе ҷиҳодро бар ҳар касе, ки тавоноии ба даст гирифтани силоҳ дошта бошад, воҷиб донист.

Иттиҳоди уламои Яман ҳамчунин аз нақши истисноии артиш ва кумитаҳои мардумӣ дар мубориза бо мутаҷовизони Саудӣ таҷлил кард ва хостори посухи дандоншикан ба ҷинояти саудиҳо дар Санъо шуд.

Ин иттиҳодия аз кишварҳои исломӣ низ хост, мавозеи равшан алайҳи таҷовузоти ваҳшёнаи Арабистон дар Яман, дар пеш гиранд.

Ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ дар Яман ҳамалоти сурат гирифта ба маҷлиси азодорӣ дар Санъоро маҳкум ва онро ҳавлнок тавсиф кард.