Таътил шудани нахустин бемористони Яман ба далели камбуди сӯзишворӣ
Дафтари Вазорати тандурустии Яман дар вилояти Ҳаҷҷа аз таътилии аввалин бемористони кишвар пас аз поёни сӯзишворӣ хабар дод.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизионии " Ал-масира" , дафтари вазорати беҳдошти Яман дар остони " Ҳаҷҷа", шимоли ғарби ин кишвар , эълом кард , ба далели поён ёфтан сӯзишворӣ , ироаи хадамоти пизишкӣ дар бемористони " Ёсир Васоб " мутаваққиф шуда аст .
Ин дафтар ҳушдор дод , таътил шудани бемористонҳо фоҷеаи инсонӣ аст, ки дар ниҳоят мунҷар ба вахимтар шудани авзои беҳдоштии мардуми Яман хоҳад шуд .
ширкати нафти Яман сешанбеи ҳафтаи гузашта аз ба поён расидани комили захираи сӯзишвории ин ширкат дар бандари " Ал-Ҳадида " хабар дод .
Эътилофи мутаҷовизи саъудӣ 21 киштии ҳомили маводи сӯзишвориро аз беш аз 5 моҳ қабл тавқиф кардааст .
Ин дар ҳолест, ки киштиҳои тавқифӣ , муҷаввизҳои Созмони Милалро дарёфт кардаанд .