Сентябр 06, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба корвони низомиёни амрикоӣ дар Бағдод

Манбаъҳои ироқӣ шаби шанбе гузориш доданд, ки бомба дар роҳ ба сӯи корвони низомиёни амрикоӣ дар шоҳроҳи Шуълаи Бағдод таркид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, як бомба канори ҷодае дар масири корвони худруҳои пуштибонӣ ва тадорукотии эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар бузургроҳи Шӯълаи Бағдод мунфаҷир шуд .
Дар ин ҳамлаи як нафар захмӣ шуд ва ба чанд дастгоҳ аз мошинҳо хисорот ворид омад .
Панҷшанбеи гузашта низ як бастаи инфиҷорӣ дар масири корвони низомии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар остони ҷанубии « Зи‌қор »-и Ироқ мунфаҷир шуд .
Ҳамчунин чаҳоршанбешаб  бомбаи канораи ҷодаи дигаре дар масири ҳаракати корвони низомиёни амрикоӣ дар бузургроҳи остони «Бобул » мунфаҷир шуд, ки як захмӣ бар ҷой гузошт .
Дар ду моҳи гузашта ҳамалот ба корвони нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ  шиддат гирифтааст .
Дар ин муддат  дасти кам  15 корвони низомӣ ва тадорукоти нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ бо инфиҷорҳои канори ҷодаӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Барчасп