Сентябр 07, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Фарохони мисриҳо барои тазоҳурот алайҳи Алсисӣ

Мисриҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, хоҳони тазоҳурот алайҳи раиси ҷумҳури Миср дар паи иҷрои қонуни рафъи тахаллуфҳо шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, мисриҳо хоҳони тазоҳурот алайҳи Абдулфаттоҳ Алсисӣ, раиси ҷумҳур дар рӯзи 20 сентябр дар эътироз ба қонуни ҷадиди давлат ҳастанд, ки бар асоси он сохту созҳои ғайриқонунӣ дар 10 соли ахир дар заминаҳое, ки гуфта мешавад ҷузви амволи давлат аст, тахриб мешаванд.

Пештар Алсисӣ дар изҳороте гуфта буд, ки фасод ва хонаҳои бидуни муҷаввиз дар Миср аз терроризм хатарноктар аст.

Давлати Миср ҳазорон хонаро ба баҳонаи ин ки хилофи қонун сохта шудаанд, вайрон ва хонаводаҳоро аз ин хонаҳо берун кардааст.

Бар асоси ин гузориш, фаъолони хашмгин аз ин қонуни ҷадид хештеги "20 сентябр ба хиёбон биё"-ро дар Твиттер тренд карда ва твиттҳоеро мунташир карданд.

Пештар низ мисриҳо хештеги "Сисӣ хонаҳои моро вайрон мекунад", ба роҳ андохта ва хашми худро аз иқдоми давлат дар тахриби хонаҳои шаҳрвандон баён карданд.

 

Барчасп