Таъсиси бузургтарин бемористони шутурҳо дар Арабистон + АКС
Бузургтарин бемористони ҷаҳон, ки вижаи дармони шутурҳост, ба масоҳати 70 ҳазор метри мураббаъ дар маркази Арабистони Саудӣ таъсис шуд.
Ба гузориши пойгоҳи “Алъайн – ул- Ахбория”, ин бемористони домпизишкӣ ба номи “Салом” дар минтақаи “Алқассим” дар маркази Арабистони Саудӣ воқеъ шуда ва масоҳати он беш аз 70 ҳазор метри мураббаъ аст, ки ба гуфтаи бархе, бузургтарин маркази дармони шутурҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Барои таъсис ин бемористон 137 миллион риёли саудӣ, муодили 36.5 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст ва тамоми хадамоти аслӣ барои дармони анвои бемориҳои музмин ва вогир, ҳамчунин анҷоми анвои амали ҷарроҳӣ ва ашаъадармонӣ дар ин бемористон фароҳам шудааст.
Фаҳод Алфаҳод, раиси иҷроии бемористони домпизишкии “Салом” гуфт, ин марказ бар таҳқиқот ва пешрафти масоили генетикӣ ва борварии шутур тамаркуз дорад ва саъй мекунем дар бора аҳамияти ин махлуқ дар миёни мардуми Арабистон, барои ҷаҳониён фарҳангсозӣ кунем.
Минтақаи Қассим бузургтарин бозори хариду фурӯши шутур дар Арабистон аст.