Октябр 09, 2016 18:01 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани ҷиноёти Арабистон аз сӯйи ҳизби тунисӣ

Ҳизби ҷараёни миллии Тунис ҷинояти ахири Арабистон дар Яманро маҳкум кард.

Ҷараёни миллии Тунис рӯзи якшанбе ҷинояти ахири эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар Яманро маҳкум кард ва аз ҳамаи озодагони ҷаҳон хост, ки аз ин ҷанг ҷилавгирӣ кунанд.

Арабистон дар идомаи ҷиноёти худ алайҳи мардум ва зерсохтҳои Яман, шанбешаб бо ҳадаф қарор додани як маросими хатм дар Санъо, садҳо тани дигар аз яманиҳоро ба коми марг кашид.

Ин ҷинояти саудӣ ба гуфтаи манобеи яманӣ беш аз 700 кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.

Дар пайи ин ҷинояти Арабистон, Шараф Ғолиб Луқмон, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт, вокуниши нерӯҳои яманӣ пас аз ҳамлаи ахири Арабистон ба маҷлиси хатм дар Санъо дигар монанди қабл нест.

Пеш аз ин Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷумбиши  Ансоруллоҳи Яман низ эълом кард, посухе шоиста ба ин ҷиноят дода хоҳад шуд.

Бар асоси гузориши Созмони милал, дар ҳамалоти якуним соли гузаштаи эътилофи мутаҷовизон ба саркардагии Арабистон ба Яман, дастикам 5 ҳазор ғайринизомӣ қатли ом шудаанд.