Инфиҷори террористӣ дар пойтахти Ироқ
Бар асари инфиҷори террористӣ дар Бағдод - пойтахти Ироқ, шуморе аз зоирони ҳусайнӣ (а) шаҳиду захмӣ шуданд.
Ба гузориши пойгоҳи ироқии "Суммария нюс", манобеи амниятии ироқӣ рӯзи якшанбе эълом карданд, бар асари инфиҷори террористӣ дар масири корвони азодорони ҳусайнӣ (а) дар минтақаи шарқии Бағдод-ал-Ҷадида 9 зоири ҳусайнӣ шаҳид ва шуморе захмӣ шуданд.
Ҳамчунин бар асари ҳамалоти хумпораии террористҳои ДИИШ ба як маркази амниятӣ дар минтақаи Ҳайат, ғарби устони Аланбор, чаҳор нерӯи амниятии Ироқ ва як нерӯи мардумии басиҷи ашоир захмӣ шуданд.
Афроди ДИИШ ҳамакнун дар бахшҳои шимолии Ҳайат ҳузур доранд ва амалиёти артиши Ироқ бо ҳимояти ашоири суннӣ ва ҳамалоти ҳавоӣ барои поксозии ин манотиқ аз вуҷуди террористҳо идома дорад.
Пас аз шикастҳои пайдарпайи афроди ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ, таҳаррукоти террористӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар афзоиш ёфтааст.