Сентябр 13, 2020 13:16 Asia/Dushanbe
  • Мӯҳри таъйиди коршиносони байналмилалӣ бар вуқӯи ҷинояти ҷангӣ дар Яман

Гурӯҳе аз коршиносони байналмилалӣ бо интишори гузорише аз ҷанги Яман эълом карданд, ки эътилофи Саудӣ - Иморотӣ, давлати фирории Яман ва Шӯрои интиқоли ҷануб, ҳама муртакиби ҷинояти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар ва қавонини байналмилалии башардӯстона шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, гурӯҳе аз барҷастатарин коршиносони байналмилалӣ ва минтақаии СММ рӯзи якшанбе аз Шӯрои амнияти  СММ хостанд парвандаи Яманро ба Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ирҷоъ диҳад.

Ин гурӯҳ дар сеюмин гузориши худ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Яман байни июли 2019 то июн 2020 ба ин натиҷа расидаанд, ки тарафҳои даргир дар ҷанги Яман маҷмӯае аз нақзи қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро муртакиб шудаанд.

Дар ин гузориш ба мавориде аз нақзи ҳуқуқи башар ба дасти тарафҳои мутахосим дар Яман аз ҷумла табъид, боздошти худсарона, шиканҷа ва соири анвои рафторҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиромез, таҷовуз ва сӯиистифодаи ҷинсӣ, истихдом ва истифода аз кӯдакон дар ҷанг ва салби ҳаққи додрасии одилона ишора шудааст, ки метавонад дар зумраи ҷароими ҷангӣ қарор гирад.

Камол Ал Ҷандубӣ, раиси ин гурӯҳ аз коршиносон гуфт, пас аз солҳо итминон ёфтан аз ҳазинаҳои сангини ин ҷанг, ҳеҷ кас наметавонад бигӯяд, ки мо намедонистем дар Яман чӣ мегузарад.

Милисо Барак, яке дигар аз аъзои ин гурӯҳ ҳам ба хабарнигорон гуфтааст, масъулияти ин тахаллуфот ба ӯҳдаи ҳамаи тарафҳои даргир яъне давлати фирории Яман, Шӯрои интиқолии ҷануб ва аъзои эътилофи саудӣ-иморотӣ аст.

 

Барчасп