Сентябр 14, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳания аз муҳтавои паёми Кушнер ба Ҳамос гуфт

Раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) аз муҳтавои паёми домод ва мушовири баландпояи Донлад Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба ин ҷунбиш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Исмоили Ҳания ба шабакаи хабарии Алҷазира гуфт: Давлати феълии Амрико дар чорчуби талош барои иҷрои тарҳи мавсум ба «муомилаи қарн» дар пайи гушӯдани каналҳои гуфтугӯ бо раҳбари Ҷунбиши Ҳамос аст.

Вай афзуд: Дафтари Кушнер аз бархе тарафҳо хостааст бо раҳбарии ин ҷунбиш гуфтугӯ кунанд ва дар ҳамин замина бароямон паём оварданд, ки омодаи дидор бо мо дар ҳар маконе чӣ дар як пойтахти арабӣ ё аврупоӣ барои гуфтугӯ дар бораи авзоъи Ғазза ҳастанд.

Вай ба баррасии ин мавзӯъ дар кадри раҳбарии Ҳамос ишора кард ва гуфт: Мушкиле барои гуфтугӯ бо Амрико ё ҳеҷ кишвари дигаре дар ҷаҳон надорем, аммо ҳар гуна музокира ё гуфтугӯи мустақим бо Исроилро рад мекунем.

Раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос таъкид кард халъи силоҳи Муқовимати Фаластин яке аз аҳдофи роҳбурдии режими ишғолгари Исроил ва касоне аст, ки пушти он истодаанд.

Ҳания гуфт: Мо думболи ҷанг дар Ғазза нестем, аммо тарсе ҳам аз он надорем, чунон чи режими ишғолгар ба фикри таҷовузи ҷадид ба Ғазза бошад, набарде мутафовит хоҳад буд чаро ки гурӯҳҳои фаластинӣ ва дар садри онҳо гурдонҳои Алқассом (шохаи низомии Ҳамос) имконоте дар ихтиёр доранд, ки режими ишғолгар ғофилгир хоҳад шуд.