Сентябр 16, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маҷлиси миллии Фаластин ба имзои тавофуқи шум дар Кохи сафед

Маҷлиси миллии Фаластин бо интишори баёнияе ба имзои тавофуқи созиши Аморот ва Баҳрайн бо режеми саҳюнистӣ дар Вашингтон вокуниш нишон дод.

 Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, маҷлиси миллии Фаластин сешанбешаб дар баёнияе таъкид кард,ки Аморот ва Баҳрайн бо имзои тавофуқномаи созиш бо Исроил, Қудсро бо муқаддасоти исломӣ ва масеҳии он ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохтанд ва "муъомилаи қарн"-и Амрикоро тасвиб карданд.

 Маҷлиси миллии Фаластин таъкид кард созиш бо режеми саҳюнистӣ ҳаргиз амният, субот ва шукуфоиро барои минтақа ба ҳамроҳ нахоҳад дошт ва режимҳои созишгар масъули натоиҷи фоҷиабори он барои ояндаи уммати арабӣ ҳастанд.

 Дар баёнияи Маҷлиси миллии Фаластин омадааст: Хатари воқеӣ, ки амнияти кишварҳои арабӣ ва масъалаи Фаластинро таҳдид мекунад, ишғолгарии Исроил аст, ки ба думболи аз байн бурдани ҳуқуқи миллии Фаластин, яъне ҳаққи бозгашти оворагон ва ҳаққи ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудс аст.

 Набил Шаъс-мушовири раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ таъкид кард,ки рӯзи имзои тавофуқи созиши Баҳрайн ва Аморот бо Исроил рӯзи хиҷолатоваре барои аъроб ва ҳукуматҳояшон буд ва ин иқдом идомаи тавтеаи Исроил ва Амрико аст.

Аморот ва Баҳрайн баъд аз эъломи тавофуқи созиш бо режеми ишғолгари Қудс, сешанбешаб дар Кохи сафед бо ҳузури Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ва Бинямин Натанёҳу- нахуствазири режеми Исроил, тавофуқи оддисозии равобит имзо карданд.

 

Барчасп