Сентябр 16, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Масъулиятҳои ҷаҳони Ислом дар муқобили хиёнат ба ормони Фаластин

Режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо ишғолгарӣ бавуҷуд омадааст ва ба ҳамин далел ҳеҷ гуна машрӯъияте надорад.

Ин як воқеияти таърихӣ ва сиёсӣ аст, ки бо ҳеҷ тарҳе ва ҳеҷ созише моҳияти он, иваз нахоҳад шуд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико январи 2019 аз тарҳи шайтонии мавсум ба "муомилаи қарн" рӯнамоӣ кард.

Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар маросим рӯнамоӣ аз ин тарҳи амрикоӣ-саҳюнистӣ, хитоб ба сафирони се кишвари Иморот, Баҳрайн ва Уммон, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, гуфт, бисёри ҷои хушҳолӣ аст, ки шуморо имрӯз инҷо мебинам, ҳузури шумо инҷо ҳомили паёме бисёр муҳим аст.

Акнун дар идомаи ин ҷараёни созишкорна, раисиҷумҳури Амрико пас аз эъломи тавофуқи оддисозии равобит байни режими саҳюнистӣ ва Иморот дар 13 август, ҳудуди якмоҳ баъд дар ёздаҳуми сентябр аз оддисозии равобит миёни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ низ хабар дод.

Рӯнамоӣ аз тарҳи “муомилаи қарн” ва оддисозии равобити бархе кишварҳои арабии минтақа бо саҳюнистҳо, ҳалқаи дигаре аз як тавтеаи доманадор аст, ки бояд аҳдофи он барои ҳамаи мардуми ҷаҳон табйин ва талош шавад як садои воҳид аз ҷомеаи байналмилалӣ дар муқобили зулм ва ситаме, ки ба мардуми Фаластин меравад, шунида шавад.

Дар ҳамин росто, Теҳрон имрӯз мизбони сездаҳумин нишасти Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ аст.

Ин нишаст ба дархости соҳибназарони исломӣ, ба шакли иртиботи тасвирӣ баргузор мешавад.

 Алиакбари Вилоятӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ дар табйини аҳдофи баргузории нишасти фавқулъодаи ин маҷма таъкид кард, Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ вазифаи худ медонад, ки дар ин бора иқдоме кунад.

Барқарории равобити дипломатӣ бо режими саҳюнистӣ, хиёнати ошкор ба ормони Фаластин ва Қудси шариф ва ба навъе тахтӣ аз мафоди мусавваботи Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ аз соли 1946 токунун аст.

Сарони режимҳои арабӣ бавижа Иморот, Арабистон ва Баҳрайн ва ҳар кишвари дигари арабӣ ё исломӣ, ки рӯёи барқарории робита бо режими саҳюнистиро доранд, бояд бидонанд робита бо режиме, ки беш аз 70 сол пайваста ҳуқуқи фаластиниёнро поймол карда ва фақат бо забони аслиҳа ва куштор бо фаластиниён сухан гуфта, натанҳо ба зарари ин мардуми мазлум аст, балки шуморе аз кишварҳои арабиро низ дар рехтани хуни садҳо ҳазор фаластинӣ шарики ҷурми саҳюнистҳо мекунад.

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюлявм дар мақолае бо ишора ба аввалин парвози мустақими Тел Авив ба Абудабӣ, ки пас аз имзои тавофуқномаи оддисозии равобит миёни Иморот ва режими саҳюнистӣ сурат гирифт, навишт: ҳар чанд фуруди ҳавопаймои Исроил дар фурудгоҳи байналмилалии Абудабӣ ва убури он аз ҳарими ҳавоии Арабистони Саудӣ аз нигоҳи соҳибони он иқдоме таърихӣ ба шумор меравад, аммо барои ҳар шаҳрванди араб ва мусалмони шариф дарднок аст. Ин иқдом ҳамчун тавофуқномаҳои пешини оддисозии равобит аз сӯи Ташкилоти худгардони Фаластин, Миср ва Урдун нангу ор аст.

Таърихи муборизоти миллати мазлуми Фаластин нишон додааст, ки бо вуҷуди фароз ва фурудҳо дар фитнаҳо ва тавтеаҳое, ки дар утоқҳои фикрии Амрико ва Исроил тарроҳӣ мешавад, ҷабҳаи муқовимат дар дифоъ аз ҳуқуқи миллати Фаластин мунсаҷимтар ва нафрат аз саҳюнизм дар минтақа ва ҷаҳон амиқтар шудааст.

Миллати Фаластин монанди ҳар миллати дигар ҳаққ дорад сарнавишти худро таъйин кунад ва бар асоси ин асли муҳимм ва хадшанопазир, ҳеҷ тарҳи созишкоронае, наметавонад моҳияти режими саҳюнистиро тағйир диҳад.

Дар воқеъ ончӣ сарнавишт ва ояндаи Фаластинро рақам хоҳад зад, азм ва бедории исломӣ ва пойдории миллати Фаластин аст, ки ҳамаи муодилот ва муҳосиботи истикбориро тағйир медиҳад.