Сентябр 17, 2020 09:07 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Сурия ба изҳороти Трамп дар бораи террори Башор Асад

Вазорати умури хориҷаи Сурия эълом кард: Эътирофи раисҷмҳури Амрико ба тасмим барои террори Башор Асад нишон медиҳад Вашингтон барои расидан ба манофеъи худ ҳамон шеваи гурӯҳҳои террористиро дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия (САНА), вазорати умури хориҷаи Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт: Суханони раисҷумҳури Амрико дар бораи террори Башор Асад, мизони набуди тафаккур ва рафтори сабуксаронаи сиёсии ин давлатро ошкоро ба намоиш мегузорад.

 Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ахиран дар мусоҳиба бо Факс ниюс гуфт қасд дошта Башор Асад раисҷмҳури Сурияро террор кунад, аммо Ҷемс Матис-вазири дифоъи пешини Амрико монеъи ин кор шудааст.

 Вазорати умури хориҷаи Сурия таъкид кард,ки изҳороти Трамп нишондиҳандаи низоми роҳзани Амрико аст, ки бо ҳадафи расидан ба хостаҳои худ даст ба анҷоми ҳар ҷинояте мезанад.

 Вазорати умури хориҷаи Сурия тасреҳ кард: Эътирофи раисҷумҳури Амрико ба тасмим барои террори раисҷумҳури кишвари мустақил, таъкид мекунад давлати Амрико, давлати мунҳариф(каҷрав) ва хориҷ аз доираи қонун аст, ки дар роҳи расидан ба манофеъи худ дар минтақа ҳамон шеваи қатл ва террори созмонҳои террористиро бидуни таваҷҷуҳ ба меъёрҳои қонунӣ, инсонӣ ё ахлоқӣ дар пеш гирифтааст.

 

Барчасп