Чоплусии вазири хориҷаи Иморот: табрики соли нави яҳудӣ ба забони ибрӣ
(last modified Sat, 19 Sep 2020 07:53:05 GMT )
Сентябр 19, 2020 12:53 Asia/Dushanbe
  • Чоплусии вазири хориҷаи Иморот: табрики соли нави яҳудӣ ба забони ибрӣ

Пас аз хиёнати Иморот ба фаластиниён, Абдуллоҳ бин Зоид, вазири умури хориҷаи ин кишвар, оғози соли нави яҳудиро дар сарзаминҳои ишғолшудаи фаластинӣ ба забони ибрӣ табрик гуфт.

Ба гузориши Русия ал Явм, пас аз гузашти чанд рӯз аз оддисозии равобити Иморот бо режими ҷаълӣ ва ишғолгари саҳюнистӣ, Абдуллоҳ бин Зоид Ол Наҳён, вазири умури хориҷаи Иморот дар сафҳаи расмии худ дар “Твиттер” соли нави 5780 яҳудиро ба забони ибрӣ табрик гуфт.

Ин дар ҳоле аст, ки фаластиниҳо дар Қудси ишғолӣ пас аз иқомаи намози ҷумъа алайҳи ошкорсозии равобити аъроб бо режими саҳюнистӣ тазоҳуроте барпо карданд.