Сентябр 23, 2020 14:16 Asia/Dushanbe
  • Кашфи яке аз махфигоҳҳои ДИИШ дар устони Аланбори Ироқ

Нерӯҳои ироқӣ яке аз махфигоҳҳои аслии террористҳои ДИИШ-ро дар устони Аланбор дар ғарби ин кишвар кашф карданд .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Алолам , мақомоти амниятии Ироқ эълом карданд ,ки дар ин махфигоҳ 5 мушак ва ҳамчунин теъдоде сакку(платформа)и партоби мушак кашфу забт шуда аст .

 Аз суи дигар Содиқ Алҳусайнӣ-сухангӯи меҳвари устони Диоёла дар Алҳашдушаъбии Ироқ эълом кард:Нерӯҳои Алҳашдушаъбӣ барои аз байн бурдани сомонаҳои таблиғотии гуруҳи террористии ДИИШ аз ҷанги кибернитикӣ истифода кардаанд .

Алҳусайнӣ таъкид кард:Мо бо ҷанги таблиғотии ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқобила кардаем,ки дар талош барои дуруғпардозӣ , ифтирову фиреб додани афкори умумӣ аст .

 Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар ноябри 2017 ҳануз ҳастаҳои хомуши ин гурӯҳи террористӣ дар бархе манотиқи Ироқ ҳар аз гоҳе амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд .

 

Барчасп