Ҳамлаи миномётҳо ба корвони низомиёни амрикоӣ дар Бағдод
Манробеи ироқӣ аз инфиҷори миномёт дар наздикии як корвони низомиёни террористи амрикоӣ дар минтақаи "Ал-Латифия" дар ҷануби Бағдод хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; канали хабарии Собирин рӯзи душанбе эълом кард: гурӯҳи ҷадиди « ягони Қосим Ал-ҷабборин» масъуляти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта ва ҳануз аз талафоти эҳтимолии ин ҳамла хабаре мунташир нашудааст .
Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта низ гурӯҳи « ягони Қосим Ал-ҷабборин» дар баёнияе масъуляти ҳамла ба ду корвони нерӯҳои амрикоӣ дар ҷодаи « Ҳилла » дар устони Бобул ва шоҳроҳи «Ай-Ғариб » дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт .
Корвон ва пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар Ироқ дар рӯзҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд .
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанду порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .