Сентябр 29, 2020 22:18 Asia/Dushanbe
  • Амири Кувайт даргузашт

Аморати Кувайт аз даргузашти амири ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, девони амирии Кувайт рӯзи сешанбе дар иттилоияе эълом кард Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ амири Кувайт даргузашт. 
Телевизиюни расмии Кувайт ҳам бо қатъи барномаҳои худ, дар ҳоли пахши оёте аз Қуръони карим ҳастанд .
Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи сешанбе 29 сентябри 2020 дар 91 солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавт кард .
Вай 29 январи 2006 дар Кувайт ба қудрат расид .
Бо даргузашти амири Кувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Кувайт ибрози ҳамдардӣ карданд .

Барчасп