Сентябр 30, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Поёни миёнҷигарони сунатӣ дар ғарби Осиё

Шайх Сабоҳ ал-Аҳамад Ҷобир ал-Сабоҳ, амири Кувейт, охирин миёнҷигари қадимӣ ва суннатӣ дар ғарби Осиё буд, ки рӯзи гузашта (29 сентябр) даргузашт.

Шайх Сабоҳ ал-Аҳамад Ҷобир ал -Сабоҳ аз соли 2006 то кунун яъне ба муддати 14 сол дар раъси қудрати кишвари Кувейт қарор дошта аст. Кувейт дар замони Шайхи Сабоҳ дар ҳавзаи дохилӣ, даврони оромӣ ва каме таниширо дар ҳавзаҳои мухталиф пушти сар гузошт.

Агарчӣ Кувейт монанди ҳамаи кишварҳои арабии узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба сурати хонадонӣ идора мешавад, аммо дар Кувейт бар хилофи дигар кишварҳои узви ин шӯро, порлумон қудрати сиёсии қобили таваҷҷуҳе дорад. Порлумони Кувейт метавонад илова бар истизоҳи вуазирон бо ду сеюми оро ҳукми амирро низ лағв кунад.

Дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ, муҳимтарин шохисаи ҳукуматдориии амири фақиди Кувейт, миёнҷигарии вай дар буҳронҳои минтақаӣ ва ҳимоят аз сулҳу субот дар ғарби Осиё буд, ки ба хусус ин шохиса пас аз рӯи кор омадани Малик Салмон дар Арабистон намуди бештаре доштааст.

Салмон бин Абдулазиз дар соли 2016 дар иқдоми якҷонибаи равобити дипломотии худро бо Эрон қатъ кард. Агарчӣ Кувейт дар яке аз маъдуд мавориди сиёсати бетарафӣ дар ихтилофҳои минтақаиро канор гузошт ва дар иқдоме шитобзада ва таҳти фишори Оли Саъуд монанди Иморот ва Баҳрайн аз ин иқдоми Арабистон ҳимоят ва сафири худро аз Теҳрон фарохонд, аммо амири фақиди Кувейт ҳамвора талош кард бо миёнҷигарӣ миёни Теҳрону Риёз аз мизони таниш дар равобити ду кишвар бикоҳад.

Арабистон июни 2017 низ равобит бо Қатарро қатъ кард, ки ин иқдом низ бо ҳимояти Иморот ва Баҳрайн ҳамроҳ шуд.

Шайх Сабоҳ Ал Аҳамад Ҷобир Ал Сабоҳ беш аз ҳар раҳбари дигари арабӣ барои поён додан ба таниши дарунарабӣ талош кард, аммо ин талошҳо ба далели нигоҳи силсила маротибии Риёз ба давҳа, натиҷа надоштааст.

Дар ҳамин росто,  Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, амири кишвари Қатар дар вокуниш ба даргузашти Шайх Сабоҳ Ал Аҳамад Ҷобир Ал Сабоҳ, вайро фарде «миёнарав» ва «раҳбари бузург» донист.

Кувейт ҳатто дар буҳрони ҷории Яман низ мизбони гуфтугӯҳо барои поён додан ба ҷанги эътилофи саъудӣ алайҳи Яман буд, ки авҷи ин гуфтугуҳо низ дар соли 2016 барои муддати 100 рӯз буд. Давлати Кувейт аз ҷумлаи кишварҳои арабӣ аст, ки на танҳо аз оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Исроил истиқбол накард, балки бар лузуми ҳимоят аз Фаластин дар муқобили ҷиноятҳои Исроил ҳимоят кард.

Бо тавваҷӯҳ ба ин шохиса, метавон гуфт, Шайх Сабоҳ Ал Аҳамад Ҷобир Ал Сабоҳ охирин раҳбар аз миёни раҳбарони куҳансоли араб буд, ки бо миёнҷигарӣ дар буҳронҳои минтақаӣ  ҳифзи сулҳу субот дар минтақаро маддиназар доштааст. Пеш аз вай, Шайх Ҳамад бин Халифа Ол Сонӣ, амири собиқи Қатар ва Султон Қобус, подшоҳи Уммон, парчамдорони гуфтугӯ ва миёнҷигарӣ дар минтақа буданд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки бо даргузашти Шайх Сабоҳ, Шайх Навоф  ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳ, валиаҳди 84 сола ба унвони амири ҷадид баргузида шуд.

Агарчӣ Шайх Навоф мушкили чандони саломатӣ надорад, аммо вай куҳансол аст ва даврони амирии вай дар Кувайт тулонӣ нахоҳад буд. Бинобар ин беш аз инки сиёсати минтақаии Кувейт пас аз Шайх Сабоҳ муҳим бошад, вазъияти қудрат дар ин кишвар аҳаммият дорад. Бо тавваҷӯҳ ба куҳансол будани Шайх Навоф, амири ҷадиди Кувейт, наметавон гуфт, ин кишвар вориди давраи ҷадиде шудааст.