Фош шудани дурӯғи Натаняҳу дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал
Ҳизбуллоҳи Лубнон бо даъват аз хабарнигорон барои боздид аз таъсисоти Ал-Ҷанна дар Бейрут, дурӯғи нахуствазири режими саҳюнистиро фош кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Афиф масъули бахши расонаи Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Ал-Ҷанна таъсисоти санъатии як шаҳрванди лубнонӣ аст, ки дар он коргарон ҳузур доранд ва ҳеч мушаке дар он ҷо нест .
Афиф гуфт боздиди хабарнигорон ба ин далел сурат гирифт то дурӯғ будани иттиҳомҳои Бенямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва иқдоми вай дар таҳрики миллати Лубнон зидди муқовимат, фош шавад .
Нахуствазири режими саҳюнистӣ сешанбешаб дар суханронии маҷозии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, муддаӣ шуд Ҳизбуллоҳ дар таъсисоти Ал-Ҷаннаи бейрутӣ корхона ва анбори мушак дорад .
Сайид Ҳасани Насруллоҳ дабиркулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ сешанбешаб дар суханронии телевизиюнӣ ва дар вокуниш ба иддаои Натаняҳу гуфт: бахши расонаии Ҳизбуллоҳ боздиде барои расонаҳое дидорӣ, шунидорӣ ва навишторӣ дар минтақаи Ал-Ҷанна гузоштааст то афкори умумӣ аз ҳақиқат огоҳ шавад .