Амири нави Кувайт савганд ёд кард
Сентябр 30, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
Амири нави Кувайт имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс , Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Кувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард .
Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91 солаи ин кишвар , Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.
Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84 сола, ки ба унвони амири Кувайт таъин шуда аст , аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифо, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Кувайтро бар уҳда дошта аст.
Барчасп