Кашфи ҳудӯди 60 тобути 2500 сола дар Миср
59 тобути мумиёӣ бо қидмати ду ҳазору 500 сол дар Миср кашф шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин кашфи бузург шомили се чоҳи амиқ дар устони Гизо дар ҷануби Қоҳира аст, ки дар онҳо 59 тобути дарбаста, даҳҳо мумиёӣ бо қидмати беш аз 2500 сол, садҳо қитъаи бостонӣ ва як муҷассамаи бузурги биринҷӣ ёфт шуд.
Ин тобутҳои солим мутааллиқ ба коҳинони мақомоти олии хонадони Фиръавни бисту панҷум ва бисту шашуми Миср аст.
Ал Анонӣ, вазири осори бостонии Миср гуфт, ковушҳои бостоншиносӣ дар ин минтақа ҳанӯз ба поён нарасида аст ва тими таҳқиқоти бостоншиносии Миср дар талош аст то ба кашфиёти бештаре дар ин минтақа даст ёбанд, зеро ҳануз ҳам шигифтиҳои бисёре вуҷӯд дорад, ки бо кори бештар падидор хоҳад шуд.