Башор Асад: Эрдуғон оташи ҷанги Қарабоғро равшан кард
Раиси Ҷумҳурии Сурия Башор Асад, Эрдуғонро оғозгар ва таҳриккунандаи аслии даври тозаи танишҳо дар Қарабоғ тавсиф кард.
Башшор Асад дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник гуфт : Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз террористҳо дар Сурия ва Либиё ҳимоят мекунад .
Асад бо ишора ба оғози даргириҳо дар Қарабоғ байни Бокӯ ва Ереван афзуд: Эрдуғон оғозгар ва таҳриккунандаи аслии даргирии ахир дар нагорний Карабах байни Озарбойҷон ва Арманистон аст .
Раиси Ҷумҳӯурии Сурия бо баёни ин, ки Димишқ метавонад собит кунад Туркияи муборизони худро аз Сурия ба Қарабоғ мефиристад гуфт : Эрдуғон дар манотиқи мухталифи ҷанг ба роҳ меандозад то ҳавоси афкори умумӣ дар Туркияро аз тамаркуз бар рафтори худ ба вижаи пас аз робитаи ҷанҷолии вай бо ДИИШ дар Сурия парт кунад .
Асад изофа кард, ки ДИИШ аз тариқи Туркия таҳти ҳимояти нерӯи ҳавоии Амрико нафти Сурияро ба фурӯш мерасонад , ҳамчунин аз террористҳои дигари кишварҳо дар Сурия ва Либиё истифода мекунад, бинобарин бадеҳӣ ва бисёр муҳтамил аст, ки онҳо дар ҳоли истифода аз ҳамин равиш дар Қарабоғ ҳастанд .
Нерӯҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки бар сари моликияти минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи дучор ихтилоф ҳастанд бори дигари пас аз ду моҳ, бомдоди якшанбеи шашуми меҳрмоҳ дар марзҳои муштарак ба рӯй якдигар оташ гушӯданд ва ҳар яки дигариро оғозкунандаи ин ҳамалот муаррифӣ карданд, ки ин даргирӣ бо ворид шудан ба ҳафтаи дувум ҳамчунон идома дорад .
Туркия дар муноқишаи Қарабоғ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳимоят мекунаду Эрдуғон эълом кардааст, ки аз тамоми имконоти мавҷуд барои пуштибонӣ аз мавозиъи Боку истифода мекунад .
Пеш аз ин Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷони Илҳом Алиев хостор он шуда буд, ки Туркия дар музокироти байналмилалии Қарабоғ ширкат дода шавад .