Октябр 07, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муфтии шаръии ДИИШ дар Киркуки Ироқ

Созмони иттилооти Ироқ эълом кард, ки муфтии шаръии ДИИШ -ро дар вилояти Киркук боздошт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ (WAA), Созмони иттилооти Вазорати кишвари Ироқ  рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ки террористи боздоштшуда ба унвони муфтии шаръӣ дар минтақаи Ар-Рашоди остони Каркуки ин кишвар фаъолият мекардааст .
Идораи иттилооти Вазорати кишвари Ироқ дар баёнияи худ бидуни ишора ба номи муфтии ДИИШ -и боздоштшуда изофа кардааст, ки вай аз як хонаводаи террорист, дорои  ду бародар ва як амакбача дар сафҳои  ДИИШ буда ва хоҳараш низ ҳамсари яке аз саркардагони ин гурӯҳи террористӣ дар остон Каркук аст .
Мақомҳои ироқӣ рӯзи сешанбе низ аз дастгирии ду террористи ДИИШ-и  машҳуру таҳти таъқиб дар остонҳои  Салоҳиддин ва Найнаво дар шимоли ин кишвар хабар дода буданд .

Барчасп