Октябр 11, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди артиши Ироқ бар хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар

Фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ гуфт, эътилоф ба саркардагии Амрико мулаззам ба хуруҷ аз Ироқ тибқи ҷадвал замонбандӣ шудааст.

 

Таҳсин ал-Ҳафаҷӣ, фармондеҳи  амалиёти муштараки Ироқ рӯзи якшанбе ба хабаргузории расмии Ироқ (WAA) гуфт, хуруҷи нерӯҳои эътилоф  ба раҳбарии ИМА бояд мутобиқи созишномаҳо бо ҳукумати Бағдод идома ёбад.

Таҳсин ал-Ҳафаҷӣ афзуд, фармондиҳии амалиёти муштараки Ироқи амалиётҳо ва тактикҳои ягонҳои худро барои пайгарди гурӯҳҳои террористии вобаста ба ишғолгарон афзоиш дода ва иҷоза намедиҳад Ироқ  арсае барои барои ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя бошад .
Ин дар ҳолест, ки « Мустафо ал-Козимӣ » нахуствазири Ироқ  шанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, бар асоси тавофуқот дар гуфтгӯҳои роҳбурдии 20 август миёни Бағдод ва Вашингтон, то кунун Амрико  2500 сарбози худро аз Ироқ хориҷ кардааст ва ин раванд идома дорад .
 «Фуад Ҳусейн» вазири  умури хориҷаи Ироқ низ душанбеи гузашта аз хурӯҷи 1500 низомии амрикоии дигар аз ин кишвар хабар дод .
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .

Барчасп