Тавофуқи Амрико ва Арабистон барои наҷоти ДИИШ аз Мусил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i5851-Тавофуқи_Амрико_ва_Арабистон_барои_наҷоти_ДИИШ_аз_Мусил
Амрико ва Арабистон тавофуқ кардаанд, то пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ битавонанд пеш аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри Мусил, воқеъ дар шимоли Ироқ дар сояи амният аз ин шаҳр хориҷ шуда, ба Сурия бираванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2016 08:40 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Амрико ва Арабистон барои наҷоти ДИИШ аз Мусил

Амрико ва Арабистон тавофуқ кардаанд, то пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ битавонанд пеш аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри Мусил, воқеъ дар шимоли Ироқ дар сояи амният аз ин шаҳр хориҷ шуда, ба Сурия бираванд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", як манбаи низомӣ-дипломатӣ дар Маскав дар гуфтугӯ бо ОИР "Новости"-и Русия гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба таҳияи муқаддамоти лозим барои иҷрои амалиёти озодсозии шаҳри Мусил созмонҳои иттилооти Амрико ва Арабистон ба тавофуқи дуҷониба даст ёфтанд. Ин тавофуқ ҳовии пешниҳод ба ҳама пайравони мусаллаҳи ДИИШ дар шаҳри Мусил барои хурӯҷ аз ин шаҳр бо хонаводаҳои худ дар сояи амният аст. Ҳамчунин бар асоси ин тавофуқ, баъд аз оғози юриш ба ин шаҳр ҷангандаҳои эътилоф сохтмонҳои холиро дар дохили шаҳр ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ин манбаи низомӣ гуфтааст, тарҳи Амрико ва Арабистон шомили интиқоли аносири ДИИШ аз Мусил ба Сурия аст ва беш аз шаш ҳазор нафар аз пайравони ин гурӯҳ аз шаҳри Мусил ба манотиқи шарқии Сурия мунтақил хоҳанд шуд, то дар амалиёти ҳуҷумии бузурге бо ҳадафи тасарруфи ду шаҳр, Дайр-уз-зур ва Тадмур ширкат дошта бошанд. Ба қавли манбаъ, раёсати Созмони иттилооти кулли Арабистон нақши миёнҷӣ ва тазмини тавофуқ бо пайравони ДИИШ-ро дар хусуси хориҷ кардани онҳо аз шаҳри Мусил бар уҳда гирифтааст.