Маҳдудиятҳои ҷадиди короноӣ дар 25 остони Эрон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: бо тасвиби ситоди миллии мубориза бо корона ба муддати 10 рӯз маҳдудиятҳои ҷадид дар марказҳои 25 остон ва 46 шаҳристон иҷро хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо корона афзуд: "Дар чорчӯби ин маҳдудият, тамоми иқдомоте, ки умдатан ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва таҷаммӯъ дар муносибатҳои мухталиф марбут мешавад, аз рӯзи чаҳоршанбеи оянда ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мешавад."
Руҳонӣ гуфт: "Маҳдудиятҳое ҳам, ки пеш аз ин барои 43 шаҳристон тасвиб шуда буд, дар ин ҷаласа тамдид шудааст."
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки барои мавқеият дар муқобила бо вируси корона ҳама бояд ба вазоифи мушаххаси худ амал кунанд, гуфт: "мардум бояд бо ҳама тавон ба саҳна биёянд ва бо риояти комили дастурамалҳои беҳдоштӣ ба давлат дар муқобила бо вируси корона кӯмак кунаннд.
Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то зуҳри рӯзи шанбе 34 ҳазору 864 нафар бар асари бемории Ковид -19 ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин дар 244 соати ахир 7 ҳазору 820 бемори ҷадиди Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва 386 бемор низ ҷони худро аз даст доданд.
Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 612 ҳазору 772 нафар расидааст.
Бештар бихонед: