Паёмадҳои вогузории замини Ироқ ба Арабистони Саудӣ
Иқдоми давлати Ироқ дар вогузории замин ба Арабистони Саудӣ барои сармоягузорӣ бо ҳушдор ва вокунишҳои густардае дар дохили Ироқ мувоҷеҳ шуд.
Равобити Арабистони Саудӣ бо Ироқ пас аз 25 сол, дар соли 2015 эҳё шуд. Арабистон соли 2015 сафорати худро дар Бағдод ифтитоҳ кард.
Тайи ҳамин 5 соли гузашта низ равобити ду кишвар раванди мудовиме надоштааст. Арабистони Саудӣ Сомир Ал Сабҳон (Thamer Al-Sabhan)-ро ба унвони сафири худ дар Бағдод муаррифӣ кард, аммо Ироқ пас аз муддати кутоҳе хостори бозгардондани Ал Сабҳон ба Риёз шуд, зеро мутобиқи асноди мавҷуд, вай дар нооромиҳо ва тазоҳуроти зидди давлати Ироқ нақш дошта аст. Арабистон дар идома генерал Абдулазиз Ал Шимрӣ, вобастаи низомии худ дар Олмонро 15 октябри 2016 ба унвони кордор ва як соли баъд низ ба унвони сафир дар Бағдод муаррифӣ кард.
Оли Сауд дар солҳои ахир барои густариши равобит бо Ироқ талоши зиёде анҷом дод. Дар ҳамин росто низ дидорҳои дипломотӣ миёни ду кишвар раванди афзоишӣ доштааст. Бо вуҷуди ин талошҳо, дидгоҳи мусбате дар Ироқ дар хусуси Арабистони Саудӣ вуҷуд надорад ва бархе аз шахсиятҳо, гурӯҳҳо ва мардуми Ироқ бар ин бовар ҳастанд, ки Арабистон аз ҳомиёни тероризми диишӣ дар Ироқ буда ва акнун низ дар ростои манофеи Ироқ гом бар намедорад.
Давлати Мустафо Ал Козимӣ, ки бар унсури арабият дар сиёсати хориҷӣ аҳамият медиҳад, дар ростои тақвияти равобит бо Риёз гом бар медорад ва аз онҷое, ки Ироқ бо мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, талош мекунад аз тавонмандии иқтисодии Арабистон баҳрагирад. Дар ҳамин росто низ Ироқ заминҳоеро дар манотиқи ғарбӣ ва ҷанубии худ дар ихтиёри Арабистони Саудӣ барои сармоягузорӣ қарор дод. Гуфта мешавад, Ироқ 375 миллион метри мураббаъ замин дар ихтиёри Арабистон қарор дод. Қарор аст, Риёз аз ин заминҳо дар ду ҳавзаи кишоварзӣ ва домпарварӣ баҳрагирад. Ин заминҳо дар устонҳои Карбало, Мусанно, Наҷаф, Ал Анбор ва Басра қарор дорад.
Ин иқдоми давлати Ироқ бо интиқод ва ҳушдорҳои густардае дар дохили ин кишвар мувоҷеҳ шуд. Эътилофи давлати қонун ба раёсати Нурӣ Ал Моликӣ, Қайс Ал Хазъалӣ, дабири кулли Ҷумбиши Асоиб аҳл Ал Ҳақ, Алӣ Ал Асадӣ, раиси Шӯрои сиёсии муқовимати исломии Ал Ҷанбо шуморе аз намояндагону фаъолони сиёсии Ироқ аз мунтақидони саршиноси вогузории замин ба Арабистон Саудӣ ҳастанд.
Дахолати Арабистон дар умури дохилии Ироқ
Меҳвари интиқодҳо ин аст, ки Арабистони Саудӣ ба баҳонаи сармоягузорӣ дар садад аст дар умури дохилии Ироқ мудохила кунад. Мунтақидон унвон мекунанд, Арабистони Саудӣ пеш аз ин талош кард, бархе шӯюхи ашоирро ба хусус дар манотиқи ғарбии Ироқ бо худ ҳамсӯ созад, аммо муваффақ набуд ва акнун дар қолаби сармоягузории иқтисодӣ ин ҳадафро пайгирӣ мекунад.
Бархе мунтақидон низ унвон мекунанд, ки Арабистон собиқаи дурахшоне дар Ироқ надорад ва дар ноамниҳои даст дошта ва ҳамчунин аз ҳомиёни вуҷуди давлати заъиф дар Ироқ аст. Меҳвари дигари интиқод ин аст, ки навъи кишти маҳсули кишоварзие, ки Арабистон дар биёбонҳои Ироқ анҷом медиҳад, зиёнҳои иқтисодии сангин ба захираи обҳои зеризаминии Ироқ ворид мекунад ва беш аз манфиат, зарар хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, бархе назири Наим Ал Абуд, намояндаи порлумони Ироқ низ муътақид ҳастанд, Арабистон ба баҳонаи сармоягузорӣ ба дунболи тасаллут бар хоки Ироқ аст. Аҳмад Абдулсода, нависандаи ироқӣ низ дар интиқод аз иқдоми давлати Ал Козимӣ навишт, Арабистони Саъудӣ ба баҳонаи пружаҳои иқтисодӣ дар пайи ишғоли Ироқ аст.
Иддаеи дигар аз мунтақидон ба ду мавзӯ ишора доранд. Аввал инки сармоягузории Арабистон дар Ироқ дарвозае барои вуруди бархе аз ширкатҳо ба хусус ширкатҳои исроилӣ ба Ироқ хоҳад буд ва дар воқеъ ширкатҳои Арабистонӣ аз ширкатҳои пушишии Исроил ҳастанд. Дувум инки Арабистони Саудӣ бо сармоягузории иқтисодӣ аҳдофи минтақаии худро пайгирӣ мекунад ва манофеи Ироқ маддиназари он нест, балки рақобат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқро мадиназар дорад ва ин дар ростои манофеи Ироқ нест.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Таъкиди раҳбари муъаззами инқилоб бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдату инсиҷоми дохилӣ дар Ироқ