Ноябр 05, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби 6 қатънома ба нафъи Фаластин дар Маҷмаи умумии Созмони Миллал

Маҷмаи умумии Созмони Миллал, дар нишасти худ ба шаш қатънома ба нафъи Фаластин овоз дод.

Ба гузориши хабаргузории Анатолӣ, Кумитаи чаҳоруми Маҷмаи умумии Созмони Миллал "Кумитаи вижаи масоили сиёсӣ ва поён додан ба истеъморгарӣ" дар нишасти худ ба шаш қатънома ба нафъи Фаластин овоз дод.

Риёз Алмоликӣ, вазири умури хориҷаи Фаластин аз тасвиби ин шаш қатънома дар Маҷмаи умумии Созмони Миллал истиқбол кард.

Алмоликӣ таъкид кард , ки тасвиби ин шаш қатънома нишон медиҳад, ки мавзеъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон дар баробари ҳуқуқи миллати Фаластин ва оворагони он ва низ муқобила бо иқдомот ва ҷиноятҳои Исроил собит аст.

Умар Авазуллоҳ, масъули доираи Созмони Миллал дар Вазорати умури хориҷаи Фаластин низ гуфт: Фаластин ҳарсола дар нишасти давраии Маҷмаи умумии Созмони Миллал ин шаш қатъномаро барои овозгирӣ ироа мекунад.

Ин шаш қатънома марбут ба фаолияти Агентии имдодрасонӣ ва корёбии оворагони фаластинӣ (АНРВА) ироаи кумак ва ҳифзи амвол ва дороиҳои оворагони фаластӣ, расидагӣ ба масъалаи шаҳракҳои саҳюнистӣ ва иқдомоти Исроил алайҳи ҳуқуқи миллати Фаластин дар заминҳои ишғолӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ аст.

Бештар бихонед:

Барчасп