Абъоди ҷадиди кудатои нофарҷоми Туркия
Нахуствазири Туркия рӯзи шанбе (23-и июл) аз тасмими давлати ин кишвар барои инҳилоли горди раёсатҷумҳурӣ ва тағйири сохтори нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.
Пас аз эъломи судури ҳукми ҷалб ва боздошти 300 узви Горди раёсатҷумҳурии Туркия, ки эҳтимол дода мешуд, ин афрод дар кудатои нофарҷом дахолат доштаанд, камтар касе тасаввур мекард, ки мавзуи инҳилоли горди раёсатҷумҳурӣ, ки дар теорӣ бояд вафодортарин нерӯҳо ба шахси раисҷумҳур бошанд, дар дастури кори давлати Туркия қарор бигирад.
Аммо акнун гуфта мешавад, сарфи назар аз боздошти 283 нафар аз аъзои Горди раёсатҷумҳурии Туркия ва судури ҳукми ҷалби 300 нафари дигар, мавзуи инҳилоли ин нерӯ матраҳ аст.
Дар таҳаввулоти пас аз кудато ва низ судури фармони вазъияти изтирорӣ, ки бо ташдиди мавҷи боздоштҳо ҳамроҳ будааст, ҷомеаи Туркия бояд мунтазири ҳар хабар ва таҳаввули ҷадиде бошад.
Боздошти густардаи низомиёни аршади Туркия ва поксозии дастгоҳи қазоӣ, манъи фаъолияти ниҳодҳои омӯзиши хусусӣ ва мадориси вобаста ба ҷунбиши Ҳизмат, дастгирии наздикони Фатҳуллоҳ Гулен, ки тайфе аз нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ, сарбозон, қузот, асотиди донишгоҳ ва муаллимон ва низ дигар афроди ғайринизомиро шомил мешавад, аз ҷумлаи иқдомот дар ин замина будааст.
Ба мувозоти талоши давлати Туркия барои контрол бар авзои иҷтимоӣ ва эъмоли маҳдудиятҳои шадид бар нерӯҳои мунтасаб ба кудато ва ҷунбиши Гулен, мақомоти турк ройзаниҳои худро барои бозгардондани раҳбари мазҳабии мухолифи давлат аз Амрико оғоз кардаанд.
Гуфта мешавад, барои ин манзур Мавлуд Човуш Уғлу, вазири хориҷаи Туркия раҳсипори Вашингтон шудааст, то бо ироаи мутанадот дахолати Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҷунбиши Ҳизмат ба мақомоти Амрико, ононро ба таҳвили вай ба давлати Анкара тарғиб кунад.
Рӯзи гузашта ҳамзамон бо интишори хабари азимати Човуш Уғлу ба Амрико, бархе манобеи хабарӣ аз бомбборони мавозеи Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) дар шимоли Ироқ хабар доданд.
Ҳамлаи рӯзи шанбеи ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии Туркия ба мавозеи ПКК, аввалин ҳамлаи нерӯҳои артиши Туркия ба нерӯҳои ин гурӯҳ пас аз кудатои нофарҷоми ин кишвар будааст. Пойгоҳи интернетии рӯзномаи Миллияти чопи Туркия, бо интишори ин хабар эълом кард, ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии ин кишвар ду ҳадафи аз пеш шиносоишудаи ПКК-ро дар минтақаи Гаара дар шимоли Ироқ бомбборон ва мунҳадим карданд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом сарфи назар аз идомаи саркуби ПКК, манёври қудрати давлати Анкара ва нишонае аз тасаллути давлати Туркия бар умури дохилии кишвар пас аз кудатои нофарҷом будааст.
Ба намоиш гузордани зарфиятҳои якҷояи давлат дар муқобила бо ба гуфтаи мақомҳои турк террористҳои ПКК ва аъзои ҷунбиши Ҳизмат ва муаррифии яксони онҳо дар канори таваҷҷуҳ додани ҷомеа ба зарурати муқобилаи ҳамзамон бо ПКК ва ҷунбиши Ҳизмат бахше аз аҳдофи давлати Туркия дар бомбборони мавозеи Ҳизби коргарони Курдистони Туркия дар курони таҳаввулоти пасокудато ба назар мерасад.
Дар чунин шароите Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таи изҳороте ибрози умедворӣ кардааст, ки Туркия ба истифодаи террористҳо аз хоки ин кишвар поён диҳад.
Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки тавсеаи равобити Маскав-Анкара то ҳадди зиёде ба наҳваи ҳалли буҳрони Сурия бастагӣ дорад, ибрози умедворӣ кард, ки давлати Туркия монеи истифодаи террористҳо аз хоки ин кишвар шавад, чун ба гуфтаи ӯ, террористҳо ҳамчунон аз хоки Туркия барои ҷазби нерӯ ва пуштибонӣ истифода мекунанд.
Ин изҳороти Лавров метавонад ҳушдоре ба давлати Анкара бошад, ки ҳамзамон бо даргир будани мақомоти турк дар таҳаввулоти дохилӣ, чашми худро бар рӯи тараддуди роҳати террористҳо ва транзити маҳмулаҳои низомӣ барои гурӯҳи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористии фаъол дар Сурия набанданд. Бавижа, ки ин гамона тақвият шудааст, ки ҳамзамон бо таҳаввулоти дохилии Туркия ва дилмашғулии давлатмардони турк ба муқобила бо аносури кудатои нофарҷом, имкони транзити нерӯ ва таҷҳизот барои гурӯҳҳои террористии мухолифи давлати Сурия аз хоки Туркия фароҳам шудааст.
Маҷмуаи шароите, ки агарчи рӯи коғаз бар машғалаҳои фикрӣ ва амалии давлатмардони турк афзудааст, вале дар амал нигаронҳои умумӣ дар ҷомеаи ин кишварро ташдид кардааст. Нигарониҳое, ки тайфе аз масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, омӯзишӣ, рифоҳӣ ва дар як калом суботи иҷтимоӣ ба мафҳуми омми калимаро тақвият кардааст .