Ҳамлаи мӯшакии Амрико ба Яман
Амрико барои нахустин бор манотиқеро дар Яман бо мӯшаки "Томаҳок" ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи "Хабар"-и Эрон, Амрико се маркази радарии таҳти султаи нерӯҳои ҳавсии Яманро бо мӯшаки "Томаҳок" бомбаборон кард. Иддао мешавад, ин ҳамла дар посух ба ҳуҷуми мӯшакӣ аз ин манотиқ ба флоти ҷангии Амрико анҷом гирифтааст.
Вазорати дифои Амрико эълом кард, ҳамлаи мӯшакӣ ба Яман бо дастури мустақими Барак Обама, раисҷумҳури Амрико сурат гирифт.
Амрикоиҳо иддао мекунанд, ки рӯзҳои якшанбе ва чаҳоршанбеи гузашта гурӯҳҳои яманӣ ба флоти амрикоии "USS Mission" ҳамлаи мӯшакӣ кардаанд. Бо ин ҳол, Ҷунбиши "Ансоруллоҳ"-и Яман ҳар гуна ҳамла ба флоти амрикоиро такзиб кардааст. Манобеи наздик ба "Ансоруллоҳ"-и Яман эълом карданд, ин гузоришҳо бо ҳадафи сарпӯш гузоштан ба ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба Санъо, ки садҳо куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт, мунташир мешавад.