Ноябр 16, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Валид ал-Муаллим аз соли 2006 вазири умури хориҷаи Сурия буд
    Валид ал-Муаллим аз соли 2006 вазири умури хориҷаи Сурия буд

Расонаҳо аз даргузашти муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Сурия Валид ал-Муаллим хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории расмии Сурия бомдоди душанбе ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи ин кишвар хабари вафоти Валид ал-Муаллимро эълом кард.

Вай аз соли 2006 симмати Вазорати умури хориҷаи Сурияро ба ӯҳда дошт.

Ал-Муаллими 79 сола ҳамчунин ба муддати 10 сол сафири кишвараш дар Амрико будааст.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора гузориш нашудаас.

 

Барчасп