Октябр 14, 2016 18:28 Asia/Dushanbe
  • Кинояи раиси ҷумҳурии Миср ба иқдомоти Арабистон дар нобудии кишварҳо

Раиси ҷумҳурии Миср дар вокуниш ба эътирозоти ахири Арабистон дар қиболи мавозеи Қоҳира дар бораи Сурия гуфт, давлати Миср дар нобудии ҳеҷ кишваре шарик намешавад.

Ба гузориши "Форс", як рӯз пас аз хуруҷи сафири Арабистон аз Миср ва ташдиди танишҳо миёни Риёзу Қоҳира бар сари мавозеи байналмилалии мисриҳо, Абдулфаттоҳ Сиси, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ки барои ширкат дар солгарди як рухдоди миллӣ дар ҷамъи артишиён ва хонаводаҳояшон ҳузур ёфта буд, дар изҳори назаре мубҳам аз адами ҳамроҳии бештар бо Арабистон дар ҷангҳои Ховари Миёна хабар дод ва гуфт, моил нест дар нобудии кишваре шарик бошад.

Ба бовари нозирони сиёсӣ, ин суханони Абдулфаттоҳ Сиси метавонад ҳам ишора ба адами пайравӣ аз сиёсатҳои Арабистон дар Сурия ва ҳам дар ҳукми эъломи бемайлӣ ба мушорикат дар набарди Яман бошад.

Чанд рӯз пеш Миср ба қатъномаи русҳо дар бораи Сурия раъйи мусбат дод ва ин мавзӯъ ба оташи ихтилофоти Миср ва Арабистон афзуд.

Чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҳам Аҳмад Қаттон, сафири Арабистон дар Қоҳира бидуни ҳеҷ гуна тавзеҳе маҳалли хидматашро ба мақсади Риёз тарк кард.

Арабистон, ки артиши бо таҷҳизоти пешрафта ва нафароти на чандон ҳирфаӣ дорад, барои мудохилаи низомӣ дар Яман рӯйи дигар артишҳо, ба вижа артишҳои арабӣ ҳисоби вижае боз кардааст.