Ноябр 26, 2020 15:13 Asia/Dushanbe
  • Моҳир Ал-Ахрас, асири фаластинӣ пас аз 103 рӯзи гуруснанишинӣ озод шуд
    Моҳир Ал-Ахрас, асири фаластинӣ пас аз 103 рӯзи гуруснанишинӣ озод шуд

Моҳир Ал-Ахрас, асири фаластинӣ, ки бо гуруснанишинии тӯлонии худ, режими саҳюнистиро ба чолиш кашида буд, аз зиндон озод шуд.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, Моҳир Ал-Ахрас рӯзи панҷшанбе пас аз озодӣ аз зиндон вориди Каронаи Бохтарӣ шуд ва қарор аст нахуст ба бемористони Алнаҷоҳ дар Ноблус мунтақил шавад.

Мақомҳои режими саҳюнистӣ саранҷом ночор шуданд Моҳиро озод кунанд.

Моҳир Ал-Ахраси 49 сола аз 103 рӯз қабл дар эътироз ба ҳукми боздошти идории худ ва дигар асирони фаластинӣ, гуруснанишинӣ карда буд.

Дар ин муддат додгоҳҳои режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ногувор шудани вазъияти саломатии Моҳир дархости ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ, бо лағви боздошти идории ӯ мухолифат мекарданд.

Дар боздошти идорӣ, саҳюнистҳо фаластиниёнро бидуни тафҳими иттиҳом ва ба муддати номаълум дар боздошт нигоҳ медоранд.

Ҳудуди 4 ҳазору 800 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп