Як мақоми исроилӣ: Фахризода, "Қосим Сулаймони"-и барномаи ҳастаии Эрон буд
(last modified Sat, 28 Nov 2020 11:54:28 GMT )
Ноябр 28, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • Танҳо Тел-Авив метавонад чунин ҳодисаро рақам занад
    Танҳо Тел-Авив метавонад чунин ҳодисаро рақам занад

Мудири кулли пешини Вазорати умури стратегии Исроил Мӯҳсин Фахризодаро Қосим Сулаймонии барномаи ҳастаии Эрон номид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин; "Ёссӣ Коберфсар" афзуд: " Танҳо Тел-Авив метавонад чунин ҳодисаеро рақам бизанад."

Ал-Маёдин ҳамчунин ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ ба изҳороти нахуствазири режими саҳюнистӣ Бинямин Натаняҳу ишора карда, ки гуфтааст: "Ин ҳафта корҳои зиёде анҷом додам, аммо наметавонам ҳамаи чизро фош кунам."

Натаняҳу дар саҳифаи Твиттери худ ҳам ба сурати мубҳам навишт: "шаҳрвандони Исроил шанбеи хуберо барои шумо орзу мекунам, ки аз нигоҳи бархе аз расонаҳои ин режим, ишорае ғайримустақим ба ин амалиёти террор будааст.

Натанияҳу пеш аз ин низ ба номи Мӯҳсин Фахризода ба унвони бахше аз барномаи ҳастаии Эрон ишора карда буд.

Аносири террористии мусаллаҳ баъд аз зуҳри ҷумъа мошини ҳомили Фахризода Раиси созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифои Эронро ҳадафи ҳамла қарор дода ва вайро ба шаҳодат расонданд.

 

Бештар бихонед: